Ҷаласаи ҳисоботии семоҳаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Афканишот»
12 апрели соли 2021 дар толори конфронсии Маркази таълимии минтақавии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Хирадмандон» дар назди АМИТ — Ширин Қурбонова, маҷлиси ҳисоботии семоҳаи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи «Афканишот» баргузор гардид. Ширин Қурбонова аз фаъолияти семоҳаи ташкилот изҳори қаноатмандӣ кард.
Ӯ ҳадафҳои стратегии миллатро ёдовар шуда, таъкид намуд, ки вазифаи мо — мувофиқсозӣ ва такмили ҳувияти миллӣ ва рушди ҷаҳонбинии илмӣ мебошад. Ҳамчунин зикр гардид, ки иқдомҳои аввалини сиёсии аъзои ҳизб дар асоси Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳом гирифта шудаанд, ки дар Паёми солонаи худ аз таъсиси шабакаи нави телевизионии «Илм ва табиат» хабар доданд. Дар ҷараёни чорабинӣ аъзои ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Афканишот» дар ташаббусҳои таълимии Ҳукумат бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат фаъолона иштирок намуданд ва таъкид карданд, ки онҳо яке аз ҳуҷайраҳои ҲХДТ ҳастанд ва бояд рушди фаъолияти илмиро пеш баранд.